Хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ беҳтар мегардад

Хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ беҳтар мегардад
Июл 15
12:19 2020

Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 43 адад марказу шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 796 кормандон давоми 6 моҳ ба 5263 нафар истифодабарандагон хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд, ки аз инҳо 4395 нафар пиронсолону маъюбон ва 868 нафарро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил менамоянд.

Инчунин, дар мамлакат 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон фаъолият доранд, ки ҷамъ 207 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми нимсолаи якум ба 1493 нафар пиронсолону маъюбон ва 77 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ расониданд.

Ҷиҳати иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2019, №975 «Дар бораи татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар соли 2020» ва  муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» вобаста ба ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ 42 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта таъсис дода шудаанд.

Давоми нимсолаи якуми соли 2020 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши доимӣ ва муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 7282 нафар пиронсолону маъюбон ва ба 2873 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизмати иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 726
  • 1,151
  • 886,102