Хуҷанд: 31 тонна маҳсулоти пастсифат ошкор гардид

Хуҷанд: 31 тонна маҳсулоти пастсифат ошкор гардид
Декабр 12
07:41 2019

 

Дар вилояти Суғд 31 тонна маҳсулоти доруворӣ, хӯрокворӣ, ширинӣ, шустушӯйии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат маҳв карда шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, инчунин, давоми ду моҳи охири соли равон аз анборхонаву марказҳои тиҷоратӣ 1094 кило маводи хӯрокворӣ ва 2400 кило маводи шустушӯйӣ дарёфт карда шуданд, ки ба воситаи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд.

Дар зарфи 11 моҳи соли равон 24 ҳазор кило маводи хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта аз марказҳои савдою нигоҳдории маҳсулот мусодира гардид. Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои даркорӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳр бо роҳи сӯзондан нобуд карданд.

Дар ҷараёни корҳои санҷишию тафтишотӣ масъулон таъкид намуданд, ки ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандагон бояд саломатии миллатро аз ҳар гуна манфиат боло донанд ва аз ворид намудани маводи пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,484
  • 1,495
  • 962,985