Хуҷанд: Гузаронидани мониторинг оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19

Хуҷанд: Гузаронидани мониторинг оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19
Сентябр 30
13:21 2020

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  вохурӣ намуданд.

Тавре аз муассисаи мазкур иттилоъ доданд, ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълими шаҳри Хуҷанд  пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муҳассилин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии  коронавирус ба ҳисоб рафта, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми дидан намудан аз рафти чораҳои пешгирикунанда муайян гашт, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Инчунин, дар идомаи сафари корӣ мутахассисони марказ бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 685
  • 1,103
  • 947,423