Новобаста ба он, ки тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, аз тарафи кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои оммафаҳмонӣ ва гардишҳои хонагӣ дар самти пешгирии бемории мазкур доир гашта истодаанд.
Аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайваста доир карда мешаванд.
Дар ҷараёни чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисон ба шаҳрвандон доир ба зарурати истифодаи ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад.