
Аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри мазкур корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайваста доир карда мешаванд.
Дар ҷараёни чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисон ба шаҳрвандон доир ба зарурати истифодаи ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, ба онҳо ниқоби тиббии ройгон тақсим карда мешавад.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маслиҳат медиҳад, ки дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо, ки фосилагирии иҷтимоӣ ба андозаи ҳадди ақал як метр ғайриимкон аст, пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ ва зурур мебошад.
Бояд қайд намуд, ки сироятёбии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд бамаротиб коҳиш ёфта бошад ҳам, аз ҷониби масъулини дахлдор корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии ин беморӣ дар байни шаҳрвандон ҳамоно пурзӯр карда шуда истодаанд.