“Худ ва дигаронро аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ҳифз намоед”

“Худ ва  дигаронро аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ҳифз намоед”
Июл 08
15:55 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Чунин чорабинии оммафаҳмонӣ таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ҳифз намоед” аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Кӯлоб доир карда шуда, дар ҷараёни он ба шаҳрвандон ниқобҳои тиббии истифодаашон яккарата ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 тақсим карда шуд.

Зимни вохурӣ ба шахсоне, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, нисбат ба хатарҳои бемории COVID-19  иттилоъ дода шуда, ҳамзамон, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо тозагӣ, пӯшидани ниқоб ва фосилаи иҷтимоиро  қатъиян риоя намоянд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 408
  • 1,099
  • 923,620