Хушхабар: Шифоёбии 10 нафар бемори илтиҳоби шуш дар Хуҷанд

Хушхабар: Шифоёбии 10 нафар бемори илтиҳоби шуш дар Хуҷанд
Май 07
07:46 2020

Дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар имрӯз дар беморхонаҳои вилоят бемороне, ки аз илтиҳоби шуш ранҷ мебаранд кам нестанд. Хушбахтона, бо кӯмак ва талошҳои шабонарӯзии табибони соҳибтаҷриба ин беморон шифо ёфта истодаанд. Аз ҷумла санаи 6 – уми майи соли равон 10 нафар бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) табобат мегирифтанд сиҳат шуда ба хонаашон баргаштанд. Ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи Сардухтури беморхонаи мазкур Рустам Бӯрибоев ҳолати нафарони мураххасшуда хуб буда, пас аз ташхиси такрорӣ аз беморхона ҷавоб дода шуданд.

Мавсуф гуфт, ки алҳол дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 94 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат намуда буданд, дар ҳуҷраҳои хубу муҷаҳҳаз бо шароитҳои зарурӣ табобат гирифта истодаанд. Ҳолати ин нафарон низ хуб арзёбӣ мегардад.

Дастатон дардро набинад, табибони ҳозиқ!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 357
  • 956
  • 913,057