Иқдоми шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат мусоидат мекунад

Июн 10
09:14 2024

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Давоми 30 соле, ки Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати мамлакат тамоми қонунҳои зарурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри зиндагии боэътибор, шоиста ва арзандаи ҳар сокини мамлакат қабул шуда, дар ҳолати зарурӣ ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуданд. Зиёда аз ин бо назардошти рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа роҳбарияти олии мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тадбирҳои заруриро дар доираи Конститутсия амалӣ намуданд.

Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Нуктаи муҳимтарини дигар, ки аз тавъам донистани Соли маърифати ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ» мебошад. Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс моро водор месозад, ки бештар аз ҳар вақти дигар — ҳатто аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он — мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ бохабар аз бозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳону минтақа, муттаҳид дар забону амал, муваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣ бошем.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад”. Тарбияи ҳуқуқӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардонидани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳимми рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти амиқ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 бараъло мушоҳида мегардад.

Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.

Дар шароити инкишофи давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, махсусан дар партави муаррифии аҳолӣ бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки маҳз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои зарурии бунёди сиёсати ҳуқуқӣ гузошта шуд. Дар давраи баъдиҷангӣ (соли 1997, ибтидои солҳои 2000) ҷиҳати татбиқи сиёсати нав дар соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва ватандӯстӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Дарки зарурии маърифати ҳуқуқӣ ва афзунгардии нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷомеаи инсонӣ, аз қабили қонуншиканиҳо дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 апрели соли 1997 №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1997 №883 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” дарҷ гардидааст. Дар ин замина шуруъ аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии сиёсати тарбияи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табоддули амиқеро ба вуҷуд овард.

Ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона карда шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.

Ҳамзамон, масоили беҳтар гардонидани сатҳи маърифат, фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ пайваста дар ҳар як Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардида, маҳаки бунёдии ҳар як ниҳоди амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ин замина як қатор барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо амал мекунанд, ки танҳо баҳри ноил шудан ба як ҳадаф – баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳисси эҳтироми риояи қонун ва тамоми арзишҳои ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Бояд дарҷ намуд, ки таҷдиди шаклу усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама, васеъ намудани имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро тақозо менамояд. Рушду инкишофи ҷомеа, ҷустуҷӯи технология восита ва усулҳои навтарини тарбия ва таълимро талаб мекунад.

Дар ҳақиқат ҳам, таъмини ислоҳоти самтҳои мухталифи фаъолияти ҳаёти ҷомеа, қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ чун амсоли тарбия, махсусан тарбияи ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, домангир шудан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан ба устуворгардии мавқеу манзалати истиқлолияти кишвар, боз ҳам тақвият мебахшад.

Гузашта аз ин, нақши тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеаи навин дар тағйир ва ташаккули тафаккури шахс, эътирофи арзишҳои нави ҳуқуқӣ афзалиятнок буда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи кофӣ пайдо кардааст.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5 ноябри соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд».

Маълум аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон нест, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар ҳамбастагӣ бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа бояд дониста шавад.

Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд. Роҳбарияти олии мамлакат баҳри таъмини амнияти давлат, пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии он, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон устувор нигоҳ доштани мавқеи Тоҷикистон ҳамаи имкониятро истифода мебарад. Дар ҷавоб ба иқдоми Ҳукумати мамлакат сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта набошанд. Балки барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ  гузоранд.

Дар маҷмӯъ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои гуфташуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоид менамояд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 864
  • 1,045
  • 914,609