Ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш

Ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш
Ноябр 22
14:52 2018

Имрўз, 22 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Чўянгарони ноҳияи Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Салим Абдулазизов, Сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур гуфт, ки «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии доруворӣ ин рушди истеҳсоли маҳсулоти дохила мебошад. Дар  корхонаи мазкур зиёда аз ҳафт намуди гиёҳҳои дорувории ватанӣ коркард ва бастубанд гардида, ба аҳолӣ пешкаш карда мешаванд».

Инчунин Бобишо Азиззода, Директори корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ёрирасони «Канаск» иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  ҳангоми сафари корӣ ба мавзеи «Канаск» моҳи августи соли 2017  дода буданд,  имрўз дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар корхонаи коркарди бандубасти гиёҳҳои шифобахш ба истифода дода шуд,  ки ин дар оянда барои саломатии аҳолӣ хеле манфиатбахш аст ва зиёда аз 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Корхонаи мазкур бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, умед аст, ки дар ташаккул додани соҳаи фармасевтии кишвар ва таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии тиббӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,158
  • 1,122
  • 723,050