Ифтитоҳи майдони футбол ва оғози мусобиқаи варзишӣ миёни командони муассисаҳои тандурустӣ

Ифтитоҳи майдони футбол ва оғози мусобиқаи варзишӣ миёни командони муассисаҳои тандурустӣ
Июл 04
14:14 2024

Санаи 3 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов”  маросими ботантанаи кушодашавии варзишгоҳи муассисаи мазкур баргузор гардид.

Варзишгоҳи зикргардида бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар расми кушодашавии варзишгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии рақами 1 ба номи Карим Ахмедов” инчунин расми оғози мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат гирифт.

Дар расми ифтитоҳи варзишгоҳ ва оғози мусобиқаи футбол Амирзода Абдухолиқ Амир-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Неъматзода Маликшо Маҳмадшо-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Нурхон Ҳаётзода-раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ахмедов Шавкат Азамович-корманди масъули дастгоҳи раиси Федератсияи футболи мамлакат,  Шарифзода Хушвахт Салим-сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  иштирок доштанд.

Иқдоми мазкур дар доираи тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахшида ба ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иди касбӣ – «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», 33 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Дар расми баргузории чамъомади мазкур Амирзода Абдухолиқ Амир-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли ҷамъомадагонро ба мавриди истифода қарор гирифтани чунин як варзишгоҳи бошукӯҳ таҳният гуфта, иштирокдорони чорабиниро ба оғози мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шодбош гуфт.

Зимни суханронии худ аз ҷумла иброз намуд, ки “Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо варзиш дар Тоҷикистон оммавӣ гашта, дар заминаи он солимии аҳолӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин радиф Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиккистон, ки самти аслии фаъолияташ бевосита ба солимии аҳолӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои тарзи ҳаёти солим равона гардидааст, ҳамасола миёни кормандони муассисаҳои зертобеи худ чорабиниҳои варзиширо ба роҳ мемонад”.

Маврид ба таъкид аст, ки мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3 июл оғоз гардида, то ба санаи  09 августи соли равон идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,574
  • 1,421
  • 958,096