ФОРУМ. “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ФОРУМ. “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва  тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Сентябр 29
18:41 2023

Имрӯз, 29 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023  дар бахши “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва  тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони муассисаҳои хусусии тиббӣ, масъулини муассисаҳои истеҳсолии ватанӣ дар соҳаи фарматсия, масъулини осоишгоҳҳо ва марказҳои барқарорсозии саломатӣ, намояндагони сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, олимону коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам  гуфт.

Қайд  гардид, ки мақсади асосии баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023- ин густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҷалби сармоя дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад.

Тавре зикр гардид, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи дорусозӣ ба дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвар “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” қабул гардида, воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 58 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли 560 намуди дору ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 320 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд.Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ  истеҳсолшаванда дар соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 маротиба ва ҳаҷми содиротӣ иловагиҳои фаъоли биологии растанигӣ дар соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 63,25 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ин корхонаҳо зиёда аз 450 мутахассисон ва коргарон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ  бошад, то 4000 нафар кормандон ҷалб мегарданд.

Дар баробари рушди дорусозӣ, рушди тиббӣ хусусӣ низ дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи давлат ва  Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт низ барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шудааст.

Айни замон муассисаҳои хусусии тиббӣ дар таъмини аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолияти пурсамар дошта, яке аз шохаҳои муҳими татбиқкунандаи сиёсати иҷтимоӣ дар самти сиҳатии ҷомеа арзёбӣ мегарданд.

Дар ин радиф, рушди тибби хусусӣ ба қави гардидани пойгоҳҳои илмию амалӣ, базаи моддию техникӣ, нигоҳ доштани мутахасисони соҳаи тандурустии кишвар, имконияти  бештар фароҳам оварда, айни замон бо истифода аз муосиртарин дастовардҳои илму технологияи муосири тиббӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ нақши босазо дорад.

Айни замон дар кишвар шумораи муассисаҳои тибби хусусӣ 801 ададро ташкил дода, дар ду даҳсолаи охир миқдори ин муассисаҳо даҳ баробар зиёд гардидааст.

Табибони бахши хусусӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки бо истифода аз технологияҳои муосири тиббӣ дар самтҳои гуногуни хизматрасониҳои тиббӣ хизматрасонии замонавиро ба роҳ бимонанд.

Пасон доир ба “Дурнамои рушди саноати фарматсевтӣ ва ҷалби сармояи мустақим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Сайфуллоев Файзиддин,  Раиси “Ассотсиатсияи фарматсевтони Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Рушди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон” Гадоев Манучеҳр,  директори ҶСП “Аввалин”, “Имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизотҳои тиббӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон” Муҳаммад Гулистонӣ, директори ширкати “ASRE SANAT ATBEEN MEDICAI DEVICES”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон,  “Истифодаи таҷҳизотҳои муосир дар таҳияи доруҳои нав”  Эссин Самир Нунир Абдулҳалин, директори ширкати “Smart Network Technology” -и Ҷумҳурии Мисри Араб,  “Технологияи коркарди биополимерҳо ва  интиқолкунандагони дору дар асоси онҳо” Муҳиддинов Зайниддин, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Маҳсулотҳои истеҳсоли Россия ва роҳҳои ба роҳ мондани тиҷорат” Костин Артем Михайлович, директори Заводи истеҳсоли асбобҳои  тиббии ба номи М.Горький, “Дастрасии баробари дору ҳамчун як имконияти тиҷорат ва сармоягузорӣ” Станислав Князков, мутахассиси техникии Дафтари минтақавии ТУТ барои Аврупо, “Оби шифоҳии Шоҳамбарӣ” Аҳмадзода Умеда, табиби  ҶСК “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, “Рушди тибби хусусӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузории он” Қурбонов Шамсуддин, Раиси “Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон” маъруза намуданд.

Баъдан, миёни як қатор муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои  кишварҳои хориҷӣ 11 Созишномаву Санад ва Ёддошти тафоҳум  ба имзо расонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 911
  • 1,219
  • 899,327