Дар доираи татбиқи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидимиологии аҳолӣ, пешгирӣ хурӯҷи бемориҳои бо воситаи ваксина идорашаванда, аз ҷумла пешгирӣ намудани воридшавӣ, гардиш, гузариш ва пахншавии вируси ёбоии фалаҷ ба ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои ҳамсарҳадии бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва Н.Хусрав аз санаи 17.04.2017 то 19.04.2017 даври якум ва аз 3.05.2017 то 05.05.2017 соли 2017 даври дуюми “Рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ” дар байни кӯдакони синни аз 0 то 5 сола (0-4 солаю 11 моҳа 29 рӯза) гузаронида шуд, дар ин бора аз раёсати тандурустии вилоят хабар доданд.