Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор шуд

Октябр 28
11:12 2021

Имрӯз дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯро ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР.

Дар оғози ҷаласа муовини раиси Шӯро, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сухан гуфт.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҳамчун муовини Раиси Шӯро оид ба таҳлили омилҳое, ки ба каму зиёдшавии шумораи бемории нашъамандӣ мусоидат мекунад, ибрози назар намуд.

Ҳамчунин муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ҳамчун аъзои Шӯро оид ба баррасии мушкилоти марбут ба пешгирии нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар миёни ҷавонон фикру пешниҳодҳои худро дар ин самт манзур намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «АФИФ», «Спин Плюс» ва «Хонаи ҷавонон» оид ба фаъолияти ташкилоти худ, инчунин мушкилоти мавҷуда, пешгирии аввалиндараҷаи нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт сухан карда, пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Дар фарҷом масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди муҳокима қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор тавсияҳо дода шуданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшида, ҷиҳати таъсири он ба пешгирӣ ва паст намудани сатҳи нашъамандӣ тадбирҳои иловагӣ  андешида, ҳамкориро дар ин самт таҳким бахшанд.

Дар ин радиф оид ба фаъолитяи минбаъда нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2022 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 530
  • 956
  • 913,230