ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 650 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 650 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд
Апрел 17
13:35 2021

Бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии гемофилия ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола 17 апрел Рӯзи ҷаҳонии гемофилия  таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили  ин рӯз ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо  ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМУДДИН бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷиб АЗИЗӢ суҳбат намуд.

Гемофилия — бемории ирсӣ буда, аз рӯи генҳои волидайн аз насл ба насл мегузарад. Дар беморони гемофилия нисбат ба шахсони солим хунравӣ дарозтар буда, он аз норасоии факторҳои шахшавии хун вобастагӣ дорад.  Ашхоси  мубталои ин беморӣ аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, зеро қобилияти  шахшавии хуни онҳо хеле суст мешавад. Касоне, ки мубталои ин касалиянд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон зери хатар дохил мешаванд. Ҳоло 3 намуди ин беморӣ: гемофилияи «А»- фактори 8, гемофилияи «В»- фактори 9 ва гемофилияи «С»- фактори 11 мавҷуд мебошад.

Дар суҳбат роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷиб Азизӣ  изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат  4 сол аст, ки  Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои  Тоҷикистон фаъолият дошта, он   21 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар бо дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин  беморӣ мебошад.

«Имрӯз дар  мамлакат беш аз 650 нафар гирифторони бемории гемофилия ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 152 нафар дар вилояти Суғд, 176 нафар дар вилояти Хатлон, 20 нафар дар ВМКБ,  100 нафар дар шаҳр Душанбе ва боқимонда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ умр ба сар мебаранд. Афзоиши бештари ин беморӣ дар вилояти Хатлон  ба назар расида, ба сари 10 ҳазор нафар 1 нафар бемор рост  меояд»,-  афзуд Наҷиб Азизӣ.

Ба зикри номбурда, ба бемории гемофилия танҳо мардон гирифтор шуда, занон дар ҳолате мубталои ин беморӣ мешаванд, ки агар падар гирифтори ин беморӣ ва модар интиқолдиҳандаи он бошад. Вале чунин ҳолатҳо хеле кам ба қайд гирифта шудаанд. Агар падар гирифтори бемории гемофилия ва модар солим бошад, ягон нафаре аз писарони онҳо мубталои ин беморӣ намешаванд. Мардони мубталои бемории гемофилия гени хешро танҳо ба духтарон медиҳанд ва ҳамаи духтарони онҳо интиқолдиҳандаи гени маҷрӯҳ мегарданд. Занҳое, ки дорои чунин ген ҳастанд, минбаъд интиқолдиҳандаи ин беморӣ маҳсуб мешаванд. Дар онҳо метавонад нишонаҳои беморӣ пайдо нашавад, вале онҳо интиқолдиҳандаи беморӣ ба фарзандон мешаванд. Дар ин вақт эҳтимол аст, ки писарон 50 фоиз гирифтори бемории гемофилия ва духтарон 50 фоиз интиқолдиҳандаи минбаъдаи   гемофилия гарданд.

Бино ба ибрози ҳамсӯҳбат, ӯ худ гирифтори бемории гемофилия буда, 2 бародараш бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Аз ин рӯ номбурда  кӯшиш менамояд, ки гирифторони бемории гемофилия бештар дастгирӣ ёбанд.  Онҳо кӯшиш доранд, ки барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта дар самти  муолиҷа ва пешгирӣ аз ин беморӣ «Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва табобати беморони гемофилия» қабул карда шавад.

-Имрӯз вақти он расидааст, ки бояд ба табобати факторӣ рӯ овард. Ҳоло Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода моро бисёр дастгирӣ менамояд ва барои қабули чунин барнома кору фаъолият намуда истодааст. Аз фурсат истифода намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мамлакат хоҳш менамоям, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати табобати беморони гемофилия  барномаи махсус қабул карда шавад, — пешниҳод кард  Наҷиб Азизӣ.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

«Гарчанде соли 2020 дар тамоми дунё соли вазнин ва авҷи бемории коронавируси навъи нави COVID- 19 буд, вале Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон ба ин нигоҳ накарда, барои пешбурди кори худ  талошҳои зиёде намуданд. Дар ин давра ташкилот ҳамарӯза аз ҳолу аҳволи беморони худ бохабар буда, пайваста онлайн конфронсҳоро дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ доир менамуд. Инчунин дар соли гузашта 2 китоби нав доир ба бемории гемофилия аз чоп баромад. Бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо  бори аввал гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои  дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан  маълумот дода шудааст»,- таъкид намуд   ҳамсуҳбат.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 328
  • 854
  • 917,845