ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории қалб ва марг аз онро то 80 фоиз пешгирӣ менамояд

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории қалб ва марг аз онро то 80 фоиз пешгирӣ менамояд
Сентябр 29
14:48 2020

Ҳамасола 29 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дил   таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил соли 1999 ташкил шуда, ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал Рӯзи байналмилалии дил  якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мешуд ва шурӯъ аз соли 2011 ин сана  ҳамасола 29 сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Ба андешаи мутахассисон, тарзи нодурусти зиндагӣ, камҳаракатӣ ва истеъмоли нодурусти ғизо сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидаанд.

Тавре зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши бемориҳои музмини Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил Баҳодур ЗОКИРОВ иброз дошт,   ҳоло дар ҷаҳон  гирифторӣ ба бемориҳои дил зиёд ба назар расида, он яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбӣ гирифтор шудани одамон гардидааст.

«Бино ба андешаи олимони соҳа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, дуруст  ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои дуруст ва ҳаракати ҷисмонӣ метавонад ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории дил ва марг аз онро  то   80 фоиз пешгирӣ намояд»,- гуфт Баҳодур Зокиров.

Ба зикри номбурда,  солҳои охир бемории дил ҷавон шуда,  дар байни ҷавонон бештар ба чашм мерасад. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба бемории дилу рагҳои хунгард фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҳолати асабию рӯҳӣ, баландшавии миқдори холестерин дар таркиби хун, тарзи нодурусти ҳаёт, истифодаи зиёди  тамоку ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошанд. Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин гуна бемории хатарнок  ҳар шахс бояд  аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шуда, ғизои солим истеъмол намояд.

Тибқи омори мавҷуда, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 17 миллион одамон аз бемориҳои дил мефавтанд. Ба андешаи табиби ҷарроҳи дилу рагҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард Ҳофиз ЮЛДОШЕВ,  баландшавии фишори хун,  болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, вайроншавии мубодилаи чарбу дар бадани инсон ва истеъмол накардани ғизои солим омилҳои асосии беморӣ маҳсуб мешаванд. Инчунин пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар   вобаста мебошад.

Номбурда мурдашавии қисмати мушаки дил, яъне инфарктро ба  асабонӣ шудани одамон рабт дода, иброз медорад, ки дар натиҷаи ҳассосияти психоневрологӣ якбора тарангшавии рагҳои хунгарди мушаки дил (рагҳои коронарӣ) ба вуҷуд омада,  норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани  меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад.

«Ҳоло дар кӯдакони навзод низ бемории дил зиёд ба назар расида, аксарияти он  модарзодӣ  мебошад. Сабаби пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил гуногун мебошад. Ҳангоми пайдошавии узвҳои ҷанин дар ҳафтаҳои 4-8-уми  ҳомиладории зан системаи дилу рагҳо инкишоф меёбад. Агар дар ин давра ба организми зани ҳомила омилҳои хатарнок таъсир расонанд, аз ҷумла беморшавӣ дар 3-моҳаи аввали ҳомиладорӣ, асабоният, носолимии оила ва истеъмоли ҳар гуна доруворӣ, ки ба ҷанин таъсир доранд, ин ҳолат метавонад сабаби асосии пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил ва тамоми узвҳо дар системаи организми кӯдак гардад»,- гуфт ҷарроҳи дилу рагҳо.

Ҳофиз Юлдошев бар ин назар аст, ки барои пешгирӣ аз пайдошавии бемориҳои дилу рагҳо  сараввал ба солимии худ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

Тибқи тавсияи мутахассисон, нафаре, ки фаъолияти кории якранг дораду  ҳаракати ҷисмонӣ кам мекунад, бояд дар байни 2 соат 10 — 15 дақиқа  қадам зада, дасту пойҳоро ҳаракат диҳад ва гардиши хунро фаъол гардонад, то рагҳои бекорхобида   ба кор даромада, фаъол шаванд. Дар ҳолати  фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 681
  • 1,103
  • 947,419