«Инноватсия дар тиб – аз илм ба амалия». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи тиббӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид

«Инноватсия дар тиб – аз илм ба амалия». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи тиббӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Декабр 01
17:01 2023

Имрӯз, 1 декабри соли равон Конференсияи 71-умини солонаи илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо иштироки олимону табибони варзидаи ватаниву хориҷӣ дар мавзуи «Инноватсия дар тиб – аз илм ба амалия» ба кори худ шурӯъ намуд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти донишгоҳи мазкур бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеояд, инчунин, қарору фармонҳои дахлдорро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд.

Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин дар донишгоҳи мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Донишгоҳ қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажӯҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани Конференсияи «Инноватсия дар тиб – аз илм ба амалия» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар бахши пленарии конференсияи номбурда дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ шуда, натиҷа ва баҳрабардории онҳо дар рушди соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.

Дар кори конференсия олимон ва ходимони сиёсии ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Чехия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Чин, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ба тариқи фардӣ, онлайн ва офлайн баромад хоҳанд карданд.

Басо рамзист, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд, ки соли равон шумораи онҳо 1364 ададро ташкил дода, 209 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 954
  • 1,219
  • 899,370