(Дар акс Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон)
Дар кишвари Қирғизистон нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Мақомоти ин кишвар мегӯянд, се нафари сироятёфта аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд.
Космосбек Чолпонбоев, вазири тандурустии Қирғизистон имрӯз, 18 март зимни як нишаст гуфтааст, сироятёфтагон дар хона таҳти назорати табибон буданд. “16 марти соли ҷорӣ яке аз онҳо, як сокини вилояти Сузак табларза дошт. Озмоишҳо сирояти худро бо ӯ ва ду нафари дигар тасдиқ карданд. Айни замон ҳар сеи он таҳти мушоҳида қарор доранд”,-афзудааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс иттилоъ медиҳад, ки то субҳи имрӯз, 18 марти соли равон дар саросари ҷаҳон 198,000 мавриди сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора қариб 82 ҳазор нафар аллакай сиҳат шуданд.