Исфара: Дар деҳоти Сурх нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё ба истифода дода шуд

Исфара: Дар деҳоти Сурх нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё ба истифода дода шуд
Август 25
09:13 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои хеш иброз медоранд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои охир бомаром рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои ахир соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Исфара ба таври назаррас рушд ёфта, аз ҷумла пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳа пайваста мустаҳкам гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ  беҳтар гардида истодааст.

Дар арафаи ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистон боз як рӯйдоди неку хушоянд дар соҳаи тандурустии шаҳр ба вуқӯъ пайваст, ки дар деҳаи дурдасти Сурхи шаҳри мазкур  Нуқтаи  ҷарроҳӣ ва эҳё мавриди истифода қарор дода шуд.

То кунун мавҷуд набудани ҳуҷраи ҷарроҳӣ яке аз масъалаҳои муҳими аҳолии ин ҷамоат ба шумор мерафт, ки онҳо барои анҷом додани ҷарроҳӣ  ба маркази шаҳр мерафтанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи Нуқтаи  нави ҷарроҳӣ ва эҳё барои сокинони ин деҳот тӯҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили 32 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  ифтитоҳи бинои нави тиббиро барои сокинони ҷамоат таҳният гуфт ва изҳори умед кард, ки табибону ҷарроҳони маҳаллӣ бо донишу таҷрибаи кофӣ боварии мардумро сазовор хоҳанд шуд.

Раиси шаҳр дар суҳбат бо кормандони соҳаи тиб онҳоро бори дигар ба иди касбиашон табрик гуфта, қайд намуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои наздик чунин иншоотҳои муосири тиббӣ дар дигар ҷамоатҳо низ  мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки дар натиҷа барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои табобатӣ бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки  зимни боздидашон аз муассисаҳои табобатии шаҳри Исфара баён дошта буданд, бо сифати баланд дар муддати кутоҳ бунёд гардидааст. Нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳёи деҳаи Сурх  барои 8 кати беморӣ пешбинӣ гардида, таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин карда шудааст.

Кормандони соҳа дар бинои замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат хизматрасонии тиббиро аз рӯи ҳамаи намуди ёрии аввалияи ҷарроҳӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Табибон аз ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба рушди соҳаи тиб ва бунёди иншооти замонавӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки барои халқу Ватан  содиқона хизмат мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 41
  • 937
  • 655,199