Иштирок дар Анҷумани 12 –уми ғайринавбатии саратоншиносон ва радиологҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё

Иштирок дар Анҷумани 12 –уми  ғайринавбатии саратоншиносон ва радиологҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё
Апрел 08
12:45 2021

7 апрели соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Анҷумани 12 –уми ғайринавбатии  саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур ба 25 солагии анҷумани якум бахшида шуда, тариқи онлайн сурат гирифт. Дар Анҷумани  12 –уми  ғайринавбатии  саратоншиносон ва радиологҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё  роҳбарияти  вазоратҳои тандурустии давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ ва  олимони соҳа иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи онлайн муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мутахассисони саратоншинос  бо дастовардҳои навини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмил додани ёрии саратоншиносӣ мусоидат менамояд.

Дар  чорабинии мазкур мутахассисони ҷавони соҳаи саратоншиносии Тоҷикистон бо сарварии директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи саратоншиносии ҷумҳуриро пешкаш намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,544
  • 1,421
  • 958,066