Иштирок ва баромади Зулфия Абдусаматзода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имкониятҳо”

Иштирок ва баромади Зулфия Абдусаматзода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имкониятҳо”
Декабр 23
16:48 2020

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 23 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар мавзӯъи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имкониятҳо” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он намояндагони як қатор вазорату идораҳо  иштирок намуданд.

Дар конфронси мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода   иштирок ва доир ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон ва амалишавии сиёсат дар самти ҳифзи саломатии занон баромад намуд.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2010, №269 тасдиқ шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

“Мутобиқи маълумотҳои оморӣ, дар муассисаҳои зертобеи вазорат ба аввали соли 2020 шумораи умумии кормандон 74 852 нафарро ташкил менамояд, ки 72%-и онҳоро (54 666 нафар) занон ташкил менамоянд. Ҳамзамон, аз ин шумора 38,9% ба табибон ва 84,2% ба кормандони миёнаи тиб рост меояд, ки тамоюли болоравии фоизи занонро нишон медиҳад.

Дар заминаи тадбирҳои андешидашуда, ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд торафт афзун шуда истодааст. Аз шумораи умумии 652 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 36% фоизи онро занон ташкил менамоянд. Ҳамзамон, дар соли 2020 шумораи роҳбарони марказҳои саломатии шаҳрӣ , ноҳиявӣ ва деҳотӣ 1073 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 40,2% (431 нафар) занон мебошанд”,-афзуд номбурда.

Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки шумораи занони олима дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол аз сол меафзояд. Айни замон дар соҳа 891 нафар мутахассисони унвони илмидошта фаъолият доранд, ки 35%-и онҳоро (311 нафар) занон ташкил намуда, 71 нафарашон дорои унвонии илмии доктори илмҳои тиб ва 240 нафарашон номзадони илмҳои тиб мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки дар байни олимаҳо 1 нафар – Додхоева Мунаввара Файзуллоевна дорои унвони Академики Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки айни ҳол дар кафедраи акушерӣ-гинекологии №1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кору фаъолият дорад.

Дар давраи ҳисоботии татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” бо мақсади беҳтар намудани солимгардонӣ, дастрасӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба занон ва духтарон дар сатҳи муассисаҳои табобатию профилактикии кишвар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Бо дарназардошти ба итмом расидани муҳлати амалишавии он бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо нақшаву дурнамоҳои нави ҳаётан муҳим барои занону бонувон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 104
  • 1,219
  • 898,520