Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба пиршавӣ

Иштироки  ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба пиршавӣ
Июн 17
15:24 2022

Рӯзҳои 16  ва 17 июни соли 2022 дар шаҳри Рими Италия Конфронси Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба пиршавӣ баргузор гардид. Дар кори он аз Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии сил, пулмонология ва ҷарроҳии қафаси сина» Абдураҳимов Азиз ва роҳбари намояндагии ЮНФПА дар Тоҷикистон Раҳимова Наргис иштирок доранд.

Конфронс даври чоруми баррасӣ ва арзёбиро (2018-2022) анҷом дода,  20-умин солгарди қабули Нақшаи байналмилалии Мадридро оид ба  амалигардонии мушкилоти пиршавӣ ва татбиқи стратегияи минтақавии онро таҷлил  намуд.

Мавзӯи конфронс “Муттаҳид кардани тамоми қувва барои ҳамбастагӣ ва имкониятҳои баробар дар тӯли ҳаёт” буда, дар панелҳои алоҳида масъалаҳои «мусоидат ба пиршавии фаъол ва солим дар тӯли ҳаёт», «таъмини дастрасӣ ба нигоҳубин ва дастгирии парасторон ва оилаҳои онҳо», «фаъолгардонии масъалаҳои пиршавӣ барои рушди ҷомеа ва  барои одамони ҳамаи синну сол» баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар кори конфронс унсурҳои асосии муносибати фаъол ва солими пиршавӣ дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ баррасӣ  шуданд. Аз ҷумла, муваффақият дар мубориза бар «эйджизм», пешбурди таҳсилоти давомдор, бо кортаъминкунӣ мувофиқи синну солӣ ва таҳкими саломатӣ баррасӣ шуданд. Масъалаи фарогирии одамони солхӯрда дар  ҷомеа тавассути фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоид – рақамӣ, иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ, ки ба иштирок дар ҳаёти  иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар тӯли ҳаёт мусоидат мекунад, аз ҷумла ҳангоми паст шудани имконоти функсионалии онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Конфронси вазирон оид ба масъалаҳои пиршавӣ аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои  Аврупо  (UNECE) дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи кории доимии СММ оид ба пиршавӣ ва ҳукумати Италия ташкил карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,011
  • 1,263
  • 842,760