Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи панҷуми Машварати вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи панҷуми Машварати вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ
Июн 09
16:55 2022

8 июни соли равон дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи панҷуми Машварати вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ  баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни ҷаласа “Харитаи роҳи” ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда миёни муассисаҳои тиббии давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расида, як қатор барномаҳои ҳамкорӣ дар самти тиб миёни вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи панҷуми Машварати вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ вохуриҳои дуҷонибаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони тандурустии Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон доир гардид.

Дар ҷараёни вохуриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки 7 июни соли равон  дар арафаи ҷаласаи панҷуми Машварати вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ  дар шаҳри Тошканд Форум оид ба тибби анъанавӣ баргузор гашт, ки дар он намояндагони ҷомеаи илмӣ, коршиносони варзидаи соҳаи тибби муосир, анъанавӣ, дорусозӣ ва ғайра аз кишварҳои узви СҲШ ширкат намуданд.

Мақсади асосии чорабинӣ табодули иттилоот дар бораи таҷрибаҳои навтарин ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни тандурустӣ, аз ҷумла тибби халқӣ арзёбӣ гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,083
  • 1,168
  • 841,569