9 декабри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода дар конфронси байналмилалии илмию амалӣ оид ба масъалаҳои эътино ба сирояти коронавируси нави COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки дар китобхонаи Президентии ба номи Б.Н Елтсини шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ба тариқи онлайн иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода доир ба вазъи санитарию эпидемиологии кишвар баромад намуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён доир ба дигар масъалаҳои табобат ва пешгирии бемории мазкур суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.