
Имрӯз, 21 июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии кушодашавии форуми байналмилалии ҷавонони иттиҳоди давлатҳои мустақил таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонон аз кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 19 то 26 июни соли 2021 дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони “Ояндаро бо ҳам месозем” идома меёбад.
Баргузории Форум имкони татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни ҷавонони тоҷик бо дигар халқиятҳои олам, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе иштирок доштанд ва дар идомаи Форум иштирокчиён аз мавзеҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат бозидид менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин форум 20 нафар табибони ҷавон бо роҳбарии Бобоҷон Сафаралиев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.