Ҳисор: Масъулини вазорат бо фаъолияти шабонаи Маркази саломатии шаҳрӣ шинос шуданд

Ҳисор: Масъулини вазорат бо фаъолияти шабонаи Маркази саломатии шаҳрӣ шинос шуданд
Июн 05
06:26 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондаанд.

Бо ин мақсад  шоми 4 июни соли  ҷорӣ Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Обидҷон Аминов, сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии  вазорат аз фаъолияти шабонаи Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор дидан карданд.

Зимни боздиди хеш масъулини вазорат дар маркази саломатии мазкур масъалаҳои фаъолияти телефони боварии марказ, гардишҳои ҳавлигӣ ва давра ба давра фарогирии пурраи аҳолӣ бо гаштугузори ҳавлигӣ ҷиҳати дарёфти беморон, ба назорат ва табобати амбулаторӣ фаро гирифтани онҳо, ташвиқу тарғиби чораҳои пешгирии бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ, бахусус безараргардонӣ ё шӯстани дастон, пӯшидани ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ (1 – 1,5 м),  назорати амбулатории беморони дар шароити хона табобат гирифта истода мавриди таваҷҷӯҳ қарор доданд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда аз ҷониби масъулини вазорат ба роҳбарияти Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Ҳисор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 518
  • 956
  • 913,218