Истаравшан: Чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд

Истаравшан: Чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд
Сентябр 24
10:35 2020

Дар асоси Нақша-чорабинии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар саҳнаи масҷиди “Ҳазрати Шоҳ” дар якҷоягӣ бо кормандони бахши дин ва Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан мулоқоти судманд бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, сармутахассисон оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросимҳо доир карда шуд.

Нахуст дар ҷамъомад роҳбари гуруҳи корӣ, муовини Раиси шаҳри мазкур Нигора Наимҷонзода баромад намуда, оид ба риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ дар маҳалҳо, гаштугузор бо ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,  тую маърака ва маросими азодорӣ суханронӣ намуд.

Дар навбати худ муовини сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Ғафур Маъруфзода баромад намуда, оид ба сабабҳои пайдоиш ва бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва иштирокчиëн маълумот дод.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни  бемории мазкур суханронӣ намуда, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ аз чораҳои муҳими пешгирикунандаи ин беморӣ арзёбӣ намуданд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 733
  • 1,103
  • 947,471