“Истиқлол” барои ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мешавад

“Истиқлол” барои ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мешавад
Март 20
13:32 2020

Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” барои дар ҳолатҳои зарурӣ ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон омода мешавад.

Иқдоми мазкур бо  мақсади дар шароити хуб ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандон рӯи кор гирифта шуда, ба ҷуз аз ташхисгоҳ дигар ҳамаи шӯъбаҳои муассисаи мазкур барои ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшуда омода карда мешаванд.

Бемороне, ки вазъи саломатияшон беҳтар мешавад, аз беморхонаи мазкур ҷавоб дода шуда, нафарони дар муолиҷа қарордошта пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон рухсат дода мешаванд.

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар муассисаи мазкур барои табибон семинарҳо  вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки то кунун дар ин муассиса як миқдор мавод ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла ниқоб, либосҳои махсус, хлор, дастпӯшак ва маводҳои зиддивирусӣ барои пешгирии сирояти коронавирус захира карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 378
  • 1,099
  • 923,590