
Март 13
10:00
2023
Айни замон дар курраи замин 8,9% аҳолии сайёра ё тақрибан 690 миллион нафар аз дастрасӣ надоштан ба ғизои солим танқисӣ мекашанд. Инчунин 144 миллион кӯдаки то синни панҷсола аз қадпастӣ ва 47 миллион аз камвазнӣ ва камхунӣ ранҷ мебаранд.
Мутаассифона ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз гирифторӣ ба ин навъ бемориҳо дар амон намондааст. Имрӯз байни кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон низ бемориҳое, ба монанди камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешаванд, ки гуфта мешавад ҳамаи ин омилҳо аз таъсири норасоии микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизои солим якчанд қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», “Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”, “Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” ва ғайраро ба тасвиб расонид, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим мусоидат менамоянд.
ҒИЗОИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР СИҲАТИИ ИНСОН
Соли 2019 Созмони Миллали Муттаҳид 7-уми июнро ҳамчун рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон эълон кард. Мақсад аз эълон намудани 7-уми июн ҳамчун рӯзи бехатарии ғизо дар тамоми ҷаҳон ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ғизо ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи саломатии сокинони сайёра мебошад. Бояд гуфт, ки бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ буда, ҳар як нафарро мебояд, ки ғизоро оқилона ва самарабахш истеъмол намояд. Лозим ба ёдоварист, ки бехатарии ғизо асосан аз соҳаҳои ба ҳам пайванди мухталиф, яъне соҳаи тандурустӣ, савдо, хоҷагии қишлоқ, саноат, туризм ва муҳити зист вобастагии зиёд дорад. Ҳар маҳсулоте, ки имрӯз мардум харидорӣ ва аз он ғизо омода мекунанд, бояд, ки ба санаи мӯҳлати истеъмоли он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Маҳсулоте, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст, метавонанд инсонро ба ҳар гуна беморӣ, аз он ҷумла ба бемории дилу рагҳои хунгард мубтало созанд.
Ғизоҳои дуруст дар таркибашон намудҳои гуногуни моддаҳои фоидаовар доранд. Аз он ҷумла сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва карбогидрат, ки ҳангоми кам ё зиёд шудани маҳсулоти ғизоӣ дар организм ба як қатор ҳолатҳои мусбӣ ва манфӣ оварда мерасонад. Қайд кардан зарур аст, ки бо риояи дурусти истеъмоли ғизо инсон метавонад вазъи саломатии хешро солим нигоҳ дорад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳавӣ, ҳар он чизе, ки инсон истеъмол менамояд, ба намуди зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсир мебахшад. Ҳар як шахс бояд ҳамаруза тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро риоя намуда, баҳри солимии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Вобаста ба дуруст истеъмол намудани ғизо мебояд ба тарзи дурусти истеъмоли он, аз ҷумла чӣ гуна истеъмол намудани хӯрок, инчунин дар таркиби хӯроке, ки истеъмол менамоем, ба миқдори калорияҳои мавҷудбуда аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар курраи замин ҳамасола зиёда аз 600 млн. нафар одамон аз истеъмоли ғизои нодуруст ба ҳар гуна бемориҳои хатарнок мубтало мешаванд ва тақрибан 42 ҳазор нафари онҳо мефавтанд.
ҒИЗОИ НОСОЛИМ ОМИЛИ ГИРИФТОРӢ БА БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ
Дар баробари рушди бемайлони илму техналогия ва ба дасторвадҳои беназири илмиву амалӣ дастёб шудани илми тиббӣ ҷаҳонӣ, зуҳури бемориҳои нав ба нави сироятиву ғайрисироятӣ пешорӯи инсоният мушкилоти зиёде ба миён меоварад, ки ба маратоб зиёд шудани бемории фарбеҳӣ миёни ҷомеаи башарӣ аз мушкилоти нав дар ин масир дониста мешавад.
Бемории фарбеҳӣ, ки имрӯзҳо яке аз мушкилоти нави соҳаи тибби ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, мутаасифона ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин беморӣ дар амон намондаанд. Бо ҳадафи мубориза алайҳи бемории болозикр ва ҳарчӣ коҳиш додани гирифторӣ ба маризии фарбеҳӣ дар саросари кишвар, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон тадбирҳои амалии зиёде пиёда намудааст, ки қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад шиддина иавҷи бемории мазкурро миёни аҳолӣ танзим намояд.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар дунё тақрибан 2 милиард аҳолии аз 18 сола боло мубталоии зиёдвазнӣ гаштаанд. Аз ин шумора тақрибан шашсаду панҷоҳ милионашон ба бемории фарбеҳи гирифторанд. Имрӯз аз рӯи хуллосабарории мутахассисони соҳаи тиб дар Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ сол аз сол зиёд шудааст.
Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тибб, сабабҳои гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ гуногун буда, аввалин омили дучор гардидан ба ин беморӣ пурхӯрӣ ва истеъмоли ғизои носолим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гузашта аз ин, бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ дорад. Агар падару модари ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад.
Сиҳати гавҳари ноёб асту дар ҳифзи он бояд талош варзид. Истифодаи ғизои носолим, ки ҳамзамон метавонад баҳри сар задани якчанд маризӣ дар организми инсон заминагузор бошад, ба яке аз мушкилоти калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.
“Паёми Шифо”