Ғизои солимро аз парвариши маҳсулот ва истифода заминҳои корами наздиҳавлигӣ оғоз мекунем

Ғизои солимро аз парвариши маҳсулот ва истифода заминҳои корами наздиҳавлигӣ оғоз мекунем
Октябр 23
13:40 2017

Ба хотири беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳифзи сиҳатии модару кудак, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 14 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманди 29 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон, чорабиниҳои омузиширо оид ба пешгирии фавти модару кудак, бемориҳои камхунӣ, камвазнию қадпастӣ ва норасоии ғизо роҳандозӣ намуда, ҳамзамон ба онҳо тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ тақсим намуда истодаанд. Ба ақидаи Иззатулло Исматов ҳамчун коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, то ҳануз, аксари сокинони деҳотнишин, барои кудакони худ аз бозору мағозаҳо, ҳар гуна хурокҳои сунъиро бо сарфи маблағхои зиёд харидорӣ намуда, ҳам ба буҷаи оилавии хеш, таъсири манфӣ мерасонанд ва ҳам вазъи саломатии кудакони худро вазнинтар мегардонанд. Аз хамин ру, мо ҳам сатҳи дониши мардумро барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами наздиҳавлигӣ баланд бардошта истодаем ва  ҳазамон тарзи дурусти кишту нигоҳубини сабзавоту полезиҳоро нишон медиҳем, то ин, ки аҳолӣ барои конеъ гардонидани талаботи фарзандони худ бо ғизоҳои иловагӣ танҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза аст  истифода баранд.

Дар доираи Лоиҳаи Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми 36 тона нуриҳои минералӣ ба таври ройгон тақсим карда шуда, эшон бояд ҳангоми кишту кори сабзӣ, картошка, лаблабу, нахуд ва лубиё онро истифода баранд, то  ин ки аз заминҳои наздиҳавлигии хеш, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бо истифодаи маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ, ки аз витамину минералҳо бой аст ба фарзандон хурокҳои серғизо омода намоянд.

Метавон гуфт, ки тақсимоти нуриҳои минералӣ иловатан ба 11 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии таҷрибавии минтақаҳои Кулобу Курғонтеппа дастрас карда мешавад ва дар марҳилаи баъдӣ, барои кишти соли оянда, тақсимоти тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тоҷиниссо Ғуломова, сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, баъди ба даст овардани тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, аз замини назди хавлигии худ, ҳосили фаровоне руёнида, ҳам барои фасли зимистон захира намудааст ва қисмати боқимондаашро барои кишти соли оянда, нигоҳ медорад.

“Соли гузашта бо дастгирии Лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ мо як миқдори муайян тухмиҳои картошкаву нахуд ва лубиро ба таври ройгон дастрас карда будем ва баъди кишт намудан дар замини наздиҳавлагии худ, ки тули солҳои охир, он қадар ҳосили хуб надошт, дар ҳаҷми 12 халта картошка ва 15 килограмӣ маҳсулоти донагӣ руёнидем ва аз ин ҳисоб, бе ягон мушкилӣ фасли зимистонро паси сар намудем. Ҳоло бошад пеш аз мавсими кишту кор барои мо, нуриҳои минералӣ тақсим намуда истодаанд,”- мегуяд Тоҷинисо Ғуломова.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 79
  • 1,058
  • 888,491