Кӯмаки башардӯстонаи тиббӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Кӯмаки башардӯстонаи тиббӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Сентябр 04
10:45 2020

Бо мақсади мубориза бар зидди бемории коронавируси нави  COVID-19 имрӯз, 4  сентябри соли равон аз ҷониби Давлати Қатар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳҳои  вокуниши занҷиравии полимеразӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор доллари ИМА ҳамчун кӯмаки башардӯстона тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани кӯмаки башардӯстонаи тиббӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва роҳбарияти вазорат ҷиҳати  расонидани кӯмак баҳри мубориза бар зидди бемории  COVID-19 ба Давлати Қатар изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

-Бояд қайд намоям, ки таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 ба ин кишвар ибтидо мегирад ва то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки барои мустаҳқам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар заминаи мустаҳкам гузоштаанд,-афзуд номбурда.

Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ дар навбати худ иброз дошт, ки кӯмакҳои мазкур дар  асоси дастуру супоришҳои  Амири Давлати Қатар ба хотири пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешаванд.

Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 62
  • 1,040
  • 947,840