Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 26 декабри соли равон аз ҷониби кишвари Қазоқистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии сайёр тақдим карда шуд.
Зимни тақдими таҷҳизоти мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири кишвари Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳангоми муроҷиати беморон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии сайёрро метавон ба воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои кӯмак ба беморон интиқол дод. Махсусан, дастгоҳҳои мазкур имкон доранд, ки дар шароити дашту саҳро ва ҳангоми набудани неруи барқ ба беморон кӯмак расонанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарият вазорат ба Ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати расонидани кӯмаки таҷҳизоти мазкур дар самти табобати беморон изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки хушбахтона имрӯзҳо ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев иброз дошт, ки кӯмаки мазкур идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар ба ҳисоб меравад, ки он натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони олии ҳарду кишвар ба шумор меравад.