Конфронси илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия

Апрел 17
16:01 2024

17-уми апрели соли равон бахшида ба 60-солагии “Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия” имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию оммавӣ баргузор гардид, ки дар муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Тавре гуфта шуд, ҳадаф аз таҷлили  ин рӯз ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти бемории гемофилия, дастгирии онҳо  ва васеъ намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар  7 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон” фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Дар конфронс зикр гардид, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд, ки гемофилҳои  дунё аз ин гуна шиноснома истифода мебаранд. Бартарияти ин шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кардан  маълумот дода шудааст.

Ҳамзамон дар конфронси мазкур Наҷиб Азизӣ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Раҳимов Бекназар, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои хун, Боймирзоев Алишер, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои хуни кӯдакона, Қутбиддинов Азмиддин, муовини директори Муассисаи давлатии  «Маркази илмии хун» баромад намуданд.

Баъдан, дар тарабхонаи “Осмон”-и шаҳри Душанбе низ бахшида “Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он шахсони гирифтори бемории гемофилия иштирок намуданд.

Зимни чорабинии фарҳангӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои соҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат анҷомбахши чорабинии мазкур буд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 98
  • 1,219
  • 898,514