
Корҳои таъмириву азнавсозӣ дар як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи фаъолияти Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки то ба соли 2021 татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд; Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд.
Имрӯзҳо дар марказҳои саломатии 6 ноҳияҳои дар соли 2021 таҳти сарпарастии Лоиҳа қарор гирифта корҳои таъмирӣ бомаром идома доранд, ки таъмири кулии 4 маркази саломатӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз зумраи онҳо маънидод мегардад.
Ҳамин аст, ки чанде қабл намояндагони Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо ҳадафи ошноӣ пайдо намудан аз вазъи корҳои таъмирии марказҳои саломатии деҳоти Ҷомӣ, Зарафшон, Ҳомид Алиев ва Бахти ноҳияи Зафаробод дидан намуда, дар зимн бо аҳолии маҳалҳо, ҷиҳати дарёфти дархосту пешниҳодот дар низоми хизматрасонии тиббӣ вохӯриҳо гузарониданд.
Зимни боздид мушоҳида гардид, ки корҳои таъмирӣ дар марказҳои саломатии деҳоти Ҷомӣ, Зарафшон, Ҳомид Алиев ва Бахти ноҳияи Зафаробод бомаром идома дошта, таи рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Маврид ба тазаккур аст, ки баъди аз таъмири куллӣ бароварда шудан, марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ аз қабилӣ; таҷҳизоти лабараторӣ, ЭКГ, асбобҳои хурди хирургӣ, ҳуҷраи занона, ҳуҷраи хатна ташкил ва таъмин карда мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар боқимонда марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур таҳти сарпарастии Лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз, бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад аз зумраи лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.