Корбарӣ ё менеҷерии тоҷик дар раванди таърих

Июн 21
09:59 2024

Аввалин империяи ҷаҳон империяи Хоҳоманишӣ буд. Ниёгони мо аз ҳама пеш империя сохтанд. Дар идораи  инфрасохтори он  мудирон донишҳои нав ва дар гузашта таҷриба надоштаро истифода мебурданд.  Садсолаҳо фаъолияти империя аз корбарии  мудирияти мувофиқ буд. Аз ин рӯ, дар олам аввалин менеҷерони муваффақ гузаштагони мо тоҷикон будаанд.

Дар империяи инглис  ҳеҷ вақт офтоб наменишаст ва сабаби устувории он дар корбарӣ (менеҷментӣ) – и дуруст буд. Империяи Шуравӣ дар муддати кӯтоҳ пош хӯрд, чунки дар охир  корбарони беҳавсала мудирият мекарданд.

Чунин аст воқеияти ҳол; барои парвози металл дар осмон қонуни аэродинамикаро бояд донист, дар табобати беморӣ раванди сиҳатшавиро бо илми тиб идора мебояд кард, биноҳои осмонбӯс бо риояи нозукиҳои илми геометрия, қонунҳои физикӣ ва алгоритмҳои математикӣ рост меистанд.

Идораи кору фаъолияти одамон низ илми худро дорост ва онро дар замони муосир менеджмент (ингл. Management – назорат, системаи идоракунӣ, корбарӣ) – илм дар бораи идоракунии захираҳои корхона ва дигар сохторҳо бо воситаи маъмурияти корӣ буда, талаботи ҷомеаи имрӯза мебошад. Барои дуруст бурдани кор, натиҷагирии фаъолият, истифодаи максималии иқтидори зеҳнии кормандон, тақсимоти дурусти захираҳои моддиву техникӣ, баҳодиҳии дурусти вазъият, ҳосилнокии истеҳсолот, рақобати солим ва мутобиқгардонӣ ба талаботҳои муосир корбарии воқеъӣ лозим аст.

Ҳамин тавр, Менеҷментӣ маҷмӯи технологияҳои муосир барои идоракунии кору фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо буда, мақсади он баланд бардоштани самаранокии кор мебошад. Дар менеҷмент раванди фаъолият ба нуқтаи натиҷаи интизормешуда бурда шуда, барои он равиш бо усулу воситаҳои дар ихтиёрбуда идора мешавад,  ки  маҳсули ба даст омада бо натиҷаи интизорӣ баробар бошад.

Корбарӣ ё менеҷментӣ таърихи таҳаввулотӣ (эволютсионӣ) – и худро дорад.  Он ба 4 давра тақсим мешавад: ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, саноатӣ ва иттиллотӣ.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ “алфа – нарина” – сардори қабила назорати фаъолияти гурӯҳи худро мебурд ва тақсими меҳнатро аз мавқеъи ишғолкардаи аъзоёни тим муайян намуда, худ раванди иҷроиши онро идора мекард. Дар ҷамъияти одамони ибтидоӣ бо назардошти хоҳиши сардор қувваи ҷисмӣ бе маҳдудият истифода бурда мешуд ва ин давраро “корбарии ҷисмӣ” номидан мумкин аст, ки ҳар вайронкунии қоидаҳои аз тарафи сардор муайяншуда қоидавайронкунро ҷисман ҷазо медоданд. Дарди ҷисмӣ “хати сурх” – и қоидаҳои ҷамъияти ибтидоӣ буд. Чун даргириҳои байни қабилавӣ  асирон пайдо шуданд, онҳо қисми корҳои ҷисмонии қабилаи ғолибро ба душ мегирифтанд. Барои назорати кори асирон сардорони қабилаҳо мутасаддӣ таъин менамуданд ва онҳо аввалин корбарони сардорон буданд, ки уҳдадории назорати асиронро ба дӯш доштанд. Ин раванди таърихӣ ба ташаккули ҷамъияти ғуломдорӣ оварда расонид ва барои назорати миқдори зиёди ғуломон зарурати пайдошавии системаи идоравӣ пеш омад ва ҳисобу китоб кардан ва посбонӣ намудани  ғуломон лозим шуд.

Дар ҷамъияти ғуломдорӣ қоидаҳо ба қонун мубаддал гаштанд ва  ғуломдорон ғуломонро ба ғайр аз ҷазои ҷисмӣ, бо эҳсоси тарс ҳам идора мекарданд; ҷазоҳоро дар ба шакли оммавӣ, яъне дар байни мардум мегузарониданд то эҳсоси тарс сабаби дурустрафтории ғуломон шавад. “Хати сурх” – и қонунияти давраи ғуломдорӣ эҳсоси тарс буд ва ин давраро дар таърихи менеҷментӣ “давраи эҳсосӣ” номидан мумкин аст. Аз ҳисоби бисёрии ғуломон мудирияти онҳо чунин буд: аз байни ғуломон бақувваттарини онҳоро сардор монда, дар баробари худ ӯ корбари озоди аз тарафи ғуломдор интихобшударо итоат мекард. Ба ғайр аз ин, барои сарфаҳм рафтани хароҷоту даромади моддии ғуломондорон дар нигоҳубини ғуломон ҳисобчиёни аввалин пайдо шуданд, ки бо иероглифҳо ҳисобу китоб мекарданд. Аҷибаш он, ки солҳои охир дар замони мо баргаштан ба иероглиф бо намуди “смайлик” ба назар мерасад, ки хеле тааҷҷубовар аст.

Шӯришҳои барзиёди ғуломон ва осебпазир будани ҷомеаи ғуломдорӣ аз тарафи онҳо, ашрофони он замонро маҷбур сохт, ки реформаи ҷомеа гузаронанд ва диди худро нисбати зердастон иваз намоянд ва барои онҳо имконоти барои худ хурока кор карда, пайдо намудан ва фоизи муайяни даромад аз заминро барои худ гирифтан, иҷозат диҳанд. Ҳамин тавр, заминаҳо барои гузариш ба давраи феодалӣ пайдо шуданд.

Раванди гузариш аз ҷамъияти ғуломдорӣ ба феодалиро дар Осиёи марказӣ ва Шарқи миёна давлати Сомониён тезонид. Сабаб он буд, ки дар замони Сомониён мафҳуми “инсон” ва “инсонпарварӣ” (гумманизм) аз тарафи шоирону мутафаккирон  дар шуури ҷомеаи онвақта ворид карда шуда буд ва онҳо ба ғуломон бо назари хирад нигариста, “мақоми одамӣ” – ро медоданд. Дар мисол, Маликушшуаро, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс –  Абӯабдуллоҳ Рудакӣ чунин менависад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ – мардӣ
Бар кӯру кар – ар нуқта нагирӣ – мардӣ
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
Гар дасти фитодае бигирӣ – мардӣ.
Ҳамин тавр, менеҷментони гузариш аз давраи ғуломдорӣ ба давраи феодалӣ аз миллати тоҷик буданд.

Тоҷикон аз аввал инсони корӣ ва корчалон буданд. Аз аввал чӣ ботинан ва  чӣ зоҳиран шахсияти пешрафтаи замон ба шумор мерафтанд. Хату савод доштанд, аз илми замон бохабар буданд, мадрасаҳову китобхонаҳо доштанд ва ин шароитҳоро давлати Сомониён таъмин намуда буд. Доим дар саллаи сари  зебои  худ, ки бо нигин ороста мешуд, пари хатнавис мехалонданд. Ин образро рассомони он замонҳо намунаи одами муосири замон тасвир мекарданд: чеҳраи ҷиддии корӣ, саллаи сафеди ченак дар сар, қалами парии ба яктараф тобхурда ва дар нигини салла халонда, либоси тозаи шинам дар бар, аспи тозӣ зери пой…

Тоҷикон дар идораи давраи рушди феодалии Осиёи марказӣ ва Шарқи миёна нақши калидӣ бозиданд. Муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, логистикаи байни давлатҳо ва дигар муносибатҳои байни империяи арабро бо бодиянишинони саҳроӣ ва Чину Мочин тоҷирони тоҷик идора мекарданд ва дар нигоҳдории  равобити “Роҳи абрешим” нақши муҳим мебозиданд. Ин давраи таърихии инкишофи менеҷериро давраи “менҷерии ақлгарона” номидан мумкин аст, ки ба ин равиш бо диди илму савод менигаристанд, барои беҳбудии корбарӣ назарияҳои оқилона пешниҳод менамуданд ва ба ғуломон ҳамчун “одам” муносибат карданро дар ҷомеаи он замон талқин менамуданд, ки принтсипи гумманизмро асос мегузошт. Хати сурхи давраи феодалӣ  қонунияти мантиқ буд.

Баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳам системаи менеҷерии тоҷикон барои ғосибон кор мекард ва ба онҳо баҳри аз нестӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик қонунҳои инсонӣ, иҷтимоӣ ва давлатдориро  навишта, китобат мекарданд ва ҳамин тавр, ҳокимони даврро ба риояи адолати иҷтимоӣ водор месохтанд:
– “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ (940 – 1020)
– “Сиёсатнома” – и Низомулмулки Тусӣ (1018 – 1092)
– “Қобуснома” – и Унсурмаолии Кайковус (1021 – 1087)
– “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолиддини Балхӣ (1207 – 1273)
– “Хирадномаи Искандарӣ” – и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492)
– “Футувватномаи султонӣ” – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420 – 1505)
ва ғайра.

Бо эҷодиёти худ тоҷикон як давраи таърихиро пеш бурданд ва корбарии дурустро роҳандозӣ намуданд. Шогирдони тоҷикон –  халқҳои омада ба Шарқи миёна он чиро, ки  аз худ карданд, истифода бурданд; давлатҳо сохтанд, адолат барпо намуданд, вале “чандирии иҷтимоӣ” – ро ёд нагирифтанд ва сари вақт ба талаботҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода натавонистанд. Аз уҳдаи менеҷерӣ набаромаданд. Кӯшишҳои корбари воқеъии асри ХIХ, олими барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш аз тарафи ҳокимони замон ба назар гирифта нашуданд. Ин сабаб шуду ҷомеаи бунёди онҳо рӯ ба карахтӣ ниҳод ва аз тарафи давлатҳои пешрафта ғасб шуданд.

Давраи саноатии инкишофи менеҷерӣ фаро расид. Барои коргарон шароити корӣ фарҳам овардан лозим буд. Заводу фабрикаҳо ба коргарони тахассуснок ниёз дошт ва зарурати саводи касбӣ пайдо шуд. Омӯзиш, таъмини хона, доодани маош, хизматрасонии тиббӣ, маишӣ ва назорати сифатнокии кор, ҳамаи ин аз менеҷерони давраи саноатӣ донишҳои нав талаб мекард. Ба ғайр аз ин, менеҷерон дар кор ба муносибати системавӣ  рӯ ба рӯ шуданд, ки аз онҳо баҳодиҳии воқеъии касбиятнокии коргаронро талаб мекард. Дар ин маврид менеҷер бояд имконоти қудратии ниҳонии косибро муайян намуда, тақсимоти меҳнатро дуруст ҷобаҷо мегузошт.

Дар давраи “менеҷерии  иҷтимоӣ” корхона ё муассиса ҷои худро  дар системаи иҷтимоӣ ёфта, бо дигар соҳаҳои ҷамъият ҳамоҳангӣ кунад ва аҳмияти иҷтимоии худро нишон дода, аз дастовардҳои илму техника бохабар бошад ва ба талаботҳои замон тез вокуниш нишон диҳад. Акнун фаъолият дар  танзими давлат қарор дошта, бо қонуну фармоишҳоҳо идора мешавад ва тасмими идоракуниро Ҳукумат қарор медиҳад.

Бо инкишофи технологияи рақамӣ зарурати идораи иттиллоъ бо амалиётҳои математикӣ пеш омад. Мантиқи математикӣ – алгоритм имконоти идораи равандҳои фаъолияти кориро марҳила ба марҳила ҳисоб карда, омилҳои хавфдор ва фоиданокро пешбинӣ менамояд. Аз ин ҳисоб равиши мудирият шаффоф мегардад. Дар ин давра менеҷерӣ ба касб мубаддал шуда, соҳиби донишкада ва донишгоҳҳо шуд.

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Ҳисор

Маҳмудшоҳ Кабиров

(Дар акс муаллиф)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,396
  • 1,495
  • 962,897