Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо маъракаи ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.
Дар баробари дигар кормандони муассисаҳои тандурустии пойтахт имрӯз, 29 марти соли равон кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ба қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.