«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд

«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав 13 рӯз бо ин тадбири муҳим фаро гирифта мешаванд
Август 13
10:34 2022

Бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти ноҳияи Шаҳринав чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» ҷараён дорад.  Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

«Корвони саломатӣ» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 13 рӯз идома менамояд. Дар навбати аввал маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон ва дигар ниёзмандон хона ба хона аёдат шуда, муоина ва аз машварати тиббии ройгон гузаронида мешаванд.

Барои  дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ мутахассисону табибони ботаҷрибаи ноҳиявӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ сафарбар гардидаанд. Инчунин  тавассути  нақлиёти тиббӣ ба воситаи баландгӯяк вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ройгон гузаштани сокинон аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани пешниҳоду тавсияҳо барои муолиҷа даъват карда мешаванд.

 

Дар доираи «Корвони саломатӣ» имрӯзҳо дар марказҳои саломатии деҳаҳои Баҳористон ва Элокӣ ба воситаи  дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақрибан 400 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхиси тиббӣ фаро гирифта шуда, ба беморон тавсияҳо барои табобат дода шуданд.

Ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсил бо супориши Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ   пурра ва ройгон аз ташхиси таббӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи омор, то имрӯз зиёда аз 120 омӯзгор аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 388
  • 956
  • 913,088