Корвони саломатӣ бо мақсади паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Лахш қарор дорад

Корвони саломатӣ бо мақсади паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Лахш қарор дорад
Март 03
09:07 2021

Корвони саломатӣ, ки ба он   табибони беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳияи Лахш шомил гардидаанд, ба Ҷамоати деҳоти Лахш расид. Ба табибони корвони саломатӣ тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои муоина ва ташхиси беморон дар ин деҳоти дурдаст, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 40 километр дур воқеъ аст, дастрас шуданд. Зиёда аз 20 нафар мутахассисони ботаҷриба ва табибони варзида дар беморхонаи минтақавии Лахш муроҷиаткунандагонро аз  муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо тавсия ва табобати дуруст пешниҳод намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ, яъне дастгоҳҳои фаросавтӣ, сабти барқии дил, даруннигарӣ, тестҳо барои ташхиси диабети қанд, ВНМО ва дигар воситаҳои техникӣ бештар аз 3 ҳазор муроҷиаткунандаро аз муоинаи тиббӣ гузаронданд.

Зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ маълум гардид, ки мардуми деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан миннатдор буда, ҷавобан ба он дар ҳама ҷодаҳо заҳмат кашида, барои солимии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Ҳадафи корвони саломатӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 дар бораи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″ ва паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ маҳсуб мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 361
  • 956
  • 913,061