“Корвони саломатӣ”: Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ба хизматрасониҳои ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд (АКС)

“Корвони саломатӣ”: Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ба хизматрасониҳои ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд (АКС)
Май 19
14:30 2022

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ давоми солҳои охир дар мамлакат чорабинии тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” роҳандозӣ гардида, дар доираи  он сокинони манотиқи гуногуни кишвар ба хизматрасониҳои  тиббии ройгон фаро гирифта мешаванд.

Аз 16 то 18 майи соли равон чорабинии тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иборат аз мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ноҳияҳои Дарвоз  ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.

Дар доираи ин чорабинии солимгардонӣ садҳо сокинони ноҳияҳои болозикр аз ташхис ва муоинаҳои ройгони тиббӣ гузашта, инчунин ба саволҳои хеш доир ба бемориҳои гуногун  аз мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии мамлакат посухҳои мушаххас гирифтанд.

Чорабинии мазкур имкон дод, то шаҳрвандони ноҳияҳои мазкур дар баробари аз хизматрасониҳои ройгони тиббӣ истифода намудан, ҳамзамон аз тавсия ва маслиҳати табибони соҳибтаҷрибаи кишвар низ бархурдор гардида, баҳри таъмини солимии хеш аз онҳо тасияҳои муфид бигиранд.

Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ дар ноҳияи Ванҷ аттестатсияи 12 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия бо иштироки муовини вазир Шодихон Ҷамшед ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустии  мамлакат Душанбе гузаронида шуд.

Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ аз ташрифи табибони соҳибтаҷрибаи кишвар ба маҳали зисташон изҳори хушнудӣ намуда, дар навбати худ ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  баҳри таъмини сиҳатии омма ва дар ин замина пайваста андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Яке аз тасмимҳои хеле хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки мунтазам амалӣ карда мешавад, ташкил ва баргузор намудани “Корвони саломатӣ” мебошад, ки он ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ доир гардида, ба мардум ба таври ройгон хизматрасониҳои тиббӣ расонида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 741
  • 1,151
  • 886,117