Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба маблағгузории дуюми иловагии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ба имзо расонида шуд.
Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷаноби Ян-Петер Олтерс, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр 12,0 млн доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки 10,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) маблағгузорӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳадафи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии он мебошад.
Маблағгузории дуюми иловагӣ бо мақсади таъмини устувории лоиҳаи болозикр, аз ҷумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ, харидории тачҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натиҷаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ миқдори умумии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз 10 адад то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ корҳои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода хоҳанд шуд. Ҳамзамон, харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ барои муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави таҷрибавӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бо дарназардошти маблағгузории дуюми иловагӣ, маблағи умумии Лоиҳаи мазкур 45,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” соли 2014 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.