
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 25 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, инчунин, 15 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 июл дар кишвар 13548 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13333 нафар (98,4%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 92 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.