Маълумот оид ба вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Маълумот оид ба вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон
Июл 16
20:42 2021

Имрӯз, 16 июли соли равон зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат  37 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 28 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 16 июл  дар кишвар 14037 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13659 нафар (97,3%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 110 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 431
  • 956
  • 913,131