Имрӯз, 29 январи соли 2022 зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 14 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта, инчунин 18 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17297 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17096 нафар (98,8%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пўшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.