Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 108 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 9475 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, то санаи 23 сентябр дар мамлакат 8244 (87,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 74 нафар фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.