МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМА

МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ СОЗИШНОМА
Март 14
16:17 2022

Санаи 14 марти соли 2022 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид, ки созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа – таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ 17,9 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 25,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, барои маблағгузории қисмҳо (компонент)-и зерини Лоиҳа равона мегардад:
Қисми 1 – Тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии COVID-19.
Барои амалисозии қисми мазкур 24,26 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки он барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ, доруворӣ, маводи масрафшаванда ва рушди инфрасохтори хизматрасонии соҳаи тандурустӣ масраф карда мешавад.
Қисми 2 – Банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа.
Дар ин самт 0,16 млн доллари амрикоӣ барои дастгирии чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавриди пандемия ва ваксинатсияи зидди COVID-19, коҳиш додани хавфҳои эҳтимолии марбут ба қабул накардани ваксина ва пахши иттилоот тавассути роҳҳои мухталифи алоқа ба нақша гирифта шудааст.
Қисми 4 – Амалисозӣ ва мониторинги Лоиҳа.
Барои қисми мазкур 0,58 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он амалисозии тадбирҳои иловагии дастгирии соҳаи иммунизатсия, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа, идоракунии молиявӣ, нигоҳдории ҳайати кормандони ва хароҷоти амалиётӣ барои таъмини фаъолияти Лоиҳа анҷом дода мешавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он 31 июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 768
  • 868
  • 734,887