Маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 25
12:50 2017

Санаи 22 сентябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии супоридани таҷҳизоти тиббӣ ва молҳои муҳими солимии репродуктивӣ сурат гирифт.  Ин иқдом дар доираи созишномаи кӯмаки бурсӣ миёни Ҳукумати Ҷопон ва Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), ки ба таҳкими системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон саҳм дорад, сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хаҷиме Китаока, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, Кейзо Такеми, раиси Форуми намояндагони Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, Миеко Ябута, роҳбари минтақавии ЮНФПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Парлумон ва Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки  таҷҳизот ва лавозимоти тиббии ба Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда  дар доираи лоиҳаи муштараки “Таҳкими хизматрасонии банақшагирии танзими оила” сурат гирифт. Мақсади лоиҳаи мазкур ин таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифат ва банақшагирии оила мебошад.

Дар рафти баргузории чорабинӣ қайд гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок гардидани хизматрасониҳо дар самти банақшагирии оила нақши калидӣ дорад ва бо ин мақсад ин масъала яке аз ҷузъҳои асосии кӯмаки ЮНФПА дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамиятнокии банақшагирии оиларо эътироф намуда, имрӯзҳо буҷаи давлатиро барои хариди маводи босифат барои солимии репродуктивӣ тақвият додааст. Молу таҷҳизоте, ки дар доираи лоиҳаи муштараки Ҳукумати Ҷопон, ЮНФПА ва Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, кӯмак ба маблағгузориҳои давлатӣ дониста шуда дастгирии    ҳукумат доир ба беҳтарсозии  соҳаи солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила ҳисобида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 738
  • 868
  • 758,757