8 июли соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷиҳати қабул, ташхис ва ба муолиҷа фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодабошии муассисаҳои тандурустӣ барои қабули шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мешаванд, инчунин, тартиби қабул, муоина ва ташхису табобати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар саҳти зарурӣ қабул ва ба ташхису муоина фаро гирифтани шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшаванда тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳамаи он шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҷиҳати муайян намудани нишонаҳои бемории COVID-19 аз ташхиси тестӣ гузаронида мешаванд. Шаҳрвандоне, ки натиҷаҳои ташхиси тестии онҳо манфӣ мебарояд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, нафароне, ки натиҷаи ташхиси тестии онҳо мусбӣ аст, ба муолиҷа фаро гирифта хоҳанд шуд.