Март 23
10:28
2023
Тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз масъулини вазорат Раҷабзода С ва Бандаев И бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияҳои Рудакиву Шаҳринав шинос шуданд.
Зимни боздид масъулини вазорат бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр шинос шуда, инчунин аз рафти сатҳи хизматрасонӣ ба беморон дидан карданд.
Аснои боздид масъулини вазорат ҳамзамон бо рафти табобати беморон низ шинос шуда, бо онҳо сӯҳбат анҷом доданд.
Аз ҷумла зимни сӯҳбат бо беморон қайд гардид, ки таъмини солими аҳолӣ имруз дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайвата тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.
Дар ин ҷо ҳамзамон масъулини вазорат ҳолати таҷҳизотҳои тиббиро низ назорат намуда, баҳри истифодаи дурусти онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи боздид ба роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.