Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 10 тонна маводҳои доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, ба тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд.
Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати давлатии фарматсевтии сарраёсат Одина Шарифзода аз маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ, ки тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд, беш аз 9 тоннашонро ширкатҳои фарматсевтию муассисаҳои тандурустӣ тариқи мактуб барои несту нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд.
Одина Шарифзода ҳамчунин илова кард, ки дар қиёс ба солҳои пешин маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба маротиб баланд шудааст. Аз инҷост, ки вақте маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот мегиранд ва бо мактуб ба сарраёсат барои безарар несту нобуд кардан оварда месупоранд.
Бояд гуфт, ки новобаста аз ин мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратиро пурзур намуда, дар баробари ин баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро бурда истодааст.