Маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедии истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд

Маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедии истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд
Феврал 19
08:43 2020

Бо мақсади таъмин намудани маъюбон ва эҳтиёҷмандони кишвар бо маҳсулоти  протезию ортопедӣ дар мамлакат Корхонаи  давлатии  «Заводи  протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ  фаъолият менамояд.

Самти асосии фаъолияти корхона бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд таъмин намудани  иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони Армияи Шӯравӣ, ҷанговарони интернатсионалист, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, пиронсолону маъюбони хона-интернатҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасту пойҳои сунъӣ, ортезҳо, пойафзолҳои ортопедӣ, пойафзолҳои махсуси ортопедӣ, камарбанд,  асо, асобағал, аробачаи маъюбӣ  ва  ғайра мебошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки маҳсулоти тайёри корхона (пойафзолҳои ортопедӣ) то охири ҳар моҳ ба воситаи варақаи супоришнома  ба маъюбон дода мешавад. Ба маъюбоне, ки  дар маҳалҳои дур зиндагӣ мекунанд, супоришҳояшон тавассути шӯъбаҳои алоқа фиристода  хоҳад шуд.

Дар асоси Дастурамал оид ба тартиб ва тақсимоти  воситаҳои техникии ҳаракат соли ҷорӣ тибқи фармоишоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон 707 адад аробачаи маъюбӣ ба маъюбон дастрас карда шудааст. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 1532 адад асо, 406 адад асо барои нобиноён,  697 ҷуфт асобағал,  427  адад асобағал  то оринҷ, 173 дона дастгоҳи шунавоӣ ва 156 адад роҳгардак (ходунок)  ба эҳтиёҷмандон дастрас гардонида шуд.

Давоми соли ҷорӣ аз ҷониби корхона ҳамагӣ ба 9903 нафар  ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шуд, аз он ҷумла ба 1800 нафар ниёзмандон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 448 банди 2, зербанди-в, г  се вақт хӯроки гарм ва ба  116 нафар аз рӯи тартиб, ки аз  минтақаҳои дурдасти кишвар муроҷиат кардаанд, роҳкиро дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 749
  • 868
  • 734,868