Ба муносибати 1039 солагии Шайхурруаис Абӯалӣ ибни Сино асосгузори мактаби миллии онкологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Аҳмадов Бахтиёр Почомирович китоби 23-юмини худро таҳти унвони «Мероси Абӯалӣ ибни Сино аз назари саратоншиносони муосир» ба нашр расонид.
Дар китоби навбатии ин табиби номиву олими пуркор, ки бо ҳаммуаллифии Б.Б. Ахмедов, Г.Г Ҳакимова чоп шудааст, мақолаҳои тадқиқотии ӯ бо номҳои «Абӯалӣ ибни Сино-табибу мутафаккири беназир, ҳамадон ва шоир», «Бемориҳои онкологӣ дар «Ал-қонун-фи-тиб»-и Сино», «Сино бузургтарин табиби муолиҷагар», «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино файласуф, табиб ва адиби бузурги тоҷик» гирдоварӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки олими варзидаи соҳаи саратоншиносии мамлакат Аҳмадов Бахтиёр Почомирович ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, бо омӯзиши дақиқи асарҳои Абӯалӣ ибни Сино ва овардани мисолҳои дақиқ исбот кардааст, ки осори ин нобиғаи илми ҷаҳонӣ то ба имрӯз ҷанбаҳои омӯхтанашуда дорад.
Зимни мутолиаи китоби мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки муаллифон бо ҳадафи такмили усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои вазнини онкологӣ ва муолиҷаи онҳо баъди ҷарроҳӣ аз осори гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино бардошти хубе ба худ гирифтаанд.
Китоби мазкур бо теъдоди 500 нусха ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар нашриёти «Тамаддун»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чоп баромада, ба доираи васеи олимони соҳаи тандурустӣ, хоса саратоншиносони кишвар пешбинӣ шудааст.